Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Ҳакимов вориди сабқати интихоботӣ шуд


Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳавзаи якмандатии рақами 19-и Конибодом номзадии Шокирҷон Ҳакимов -- муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагонро ба қайд гирифтааст. Ҷаноби Ҳакимов субҳи 7 феврал дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Қаблан, масъулони ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодом гуфта буданд, ба далели он ки ҳанӯз мавқеи ҲСДТ дар баробари интихоботи парлумонӣ рӯшан нест, номзадии Шокирҷон Ҳакимовро ҳам ба қайд намегиранд ва ӯ то 7 феврал сабр кунад. Муовини раиси ҲСДТ аз роҳи худпешбарӣ дар интихобот иштирок мекунад.

Дар Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд, номи Шокирҷон Ҳакимов дар феҳристи ҳизбӣ қарор гирифт, аммо баъдан бо хоҳиши худи ӯ лағв гардид. Ҳакимов дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 номзадияшро пешбарӣ карда, бо Насрулло Маҳмудов – собиқ додситони шаҳри Кӯлоб вориди рақобат шуд, аммо пирӯз нагардид.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи якуми март баргузор мегардад ва аз ҳоло таблиғи аҳзобу номзадҳо шуруъ шудааст. То кунун раҳброни Ҳизби демократ, коммунист, наҳзати исломӣ, сотсиал-демократ, сотсиалист ва муовини раиси ҲХДТ барномаҳои пешазинтихоботии худро тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон баён кардаанд.

XS
SM
MD
LG