Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдун гуфт, "Давлати исломӣ"-ро нобуд мекунад


Давлати Урдун гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ бар зидди созмони Давлати исломӣ оғози қасос барои қатли халабони кишвар аст, ки ҷангҷӯён ӯро зинда ба зинда оташ заданд. Урдун гуфт, созмони Давлати исломиро нобуд мекунад. Артиши Урдун гуфт, ки рӯзи 5-уми феврал даҳҳо ҳавопаймо тамрингоҳ ва анборҳои созмони Давлати исломиро дар Сурия бомборон ва нобуд карданд. Носир Ҷуда, вазири умури хориҷии Урдун, ба телевизиони CNN гуфт, Урдун бо “ҳар чизе ки дар ихтиёр дорад”, дар пайи маҳви ҷангҷӯён мешавад. Ҳавопаймоҳои Урдун қаблан мавзеъҳои созмони Давлати исломиро дар Сурия ҳадаф гирифтанд, аммо ба гуфтаи Носир Ҷудо ҳоло ин корро дар Ироқ ҳам хоҳанд кард. Қатли ваҳшиёнаи Муоз ал-Қасаба, ки моҳи декабр баъди суқути ҳавопаймояш дар Сурия ба асорати ҷангҷӯён афтод, хашми мардуми Урдунро барангехт. Рӯзи 6-уми феврал ҳазорон нафар дар шаҳри Уммон раҳпаймоӣ карда ва алайҳи терроризм ва ҷазо додани гунаҳкорон шиор доданд.

XS
SM
MD
LG