Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Украина барои бақояш мубориза мебарад


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бо зиёд шудани нақши Русия дар муноқишаи Украина, ин кишвар барои “бақои” худ мубориза мебаранд. Аз моҳи апрели соли гузашта то кунун ҷанг миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина дар шарқи ин кишвар идома дорад. Ҷо Байден рӯзи 6-уми феврал ва дар ҳоле сӯҳбат кард, ки Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса барои пешниҳоди барномаи нави сулҳ дар Украина ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия омодагӣ мегирифтанд. Ҷо Байден, ки ҳамроҳ бо Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо дар Брюссел сӯҳбат мекард, гуфт, “Набояд ба Русия иҷоза дод, ки харитаи Аврупоро аз нав бикашад” ва Амрикову Аврупо дар ин замина бояд дар канори ҳам устувор бимонанд. Ҷо Байден гуфт, Русия бо ирсоли тонку зархаридон ба муноқиша дар шарқи Украина шиддат мебахшад. Ба гуфтаи Доналд Туск, бояд иҷоза дода нашавад, ки истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина халалдор шавад.

XS
SM
MD
LG