Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиатномаи варзишгарон ба Э.Раҳмон


Дилшод Назаров, яке варзишгарони номии тоҷик

Дилшод Назаров, яке варзишгарони номии тоҷик

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд. Дар ин муроҷиатнома гуфта шудааст, онҳо аз тасвиби фармони раиси ҷумҳур "Дар бораи Ҷоизаи президентӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ" хушҳолу рӯҳбаланданд.

Дар ин муроҷиатнома, инчунин, зикр шудааст, мулоқоти президенти Тоҷикистон бо варзишгарони мамлакат, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш таккони ҷиддӣ бахшидааст. "Баъд аз ин мулоқот ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуд",-таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Ба қавли муаллифони муроҷиатнома, "танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд."

Дар муроҷиатнома гуфта шудааст, “таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем.”

XS
SM
MD
LG