Пайвандҳои дастрасӣ

Сабтиноми номзадии Алим Шерзамонов


Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов

Номзадии Алим Шерзамонов -- раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ба мақоми вакили парлумон дар ҳавзаи якмандатии рақами 41-и Хоруғ сабтином шудааст. Қаблан исми ӯ аз феҳристи номзадҳои пешниҳодии ҲСДТ тариқи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба далели пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳояш лағв гардида буд.

Ҳоло Шерзамонов на аз феҳристи ҳизбӣ, балки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзорӣ интихоботӣ шудааст. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло шаҳодатномаи номзадияшро дарёфт карда, ба таблиғи интихоботӣ шуруъ намудааст.

Алим Шерзамонов соли 1964 таваллуд шуда, аз соли 2006 ба ин ҷониб раҳбари дафтари ҲСДТ дар Бадахшон аст.

XS
SM
MD
LG