Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел ва Олланд барномаро ба Путин медиҳанд


Қарор аст, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, рӯзи 6-уми феврал барномаи барқарории сулҳ дар Украинаро ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пешниҳод кунанд. Раҳбарони ду кишвари аврупоӣ рӯзи 5-уми феврал ин барномаро бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина баррасӣ карданд. Ҳарчанд ҷузъиёти барнома маълум нест, вале Петро Порошенко гуфт, аз ин барнома умед дорад, ки созиши оташбас дар шарқи Украина барқарор шавад. Дар ин минтақаи кишвар ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматӣ аз моҳи апрели соли 2014 аст, ки меҷанганд ва дар ин муноқиша то кунун беш аз 5350 нафар кушта шудаанд. Пештар аз ин Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо Петро Порошенко мулоқот кард ва гуфт, ки Амрико тарафдори ҳалли дипломатии муноқиша аст, вале ба вуруди тонку нерӯҳои Русия ба Украина “чашм намепӯшад.” Ҷон Керрӣ гуфт, Барак Обама ба зудӣ тасмим мегирад, ки ба Украина аслиҳа бидиҳад, ё не. Русия интиқоли силоҳ аз Амрико ба Украинаро таҳдид ба амнияти худаш арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG