Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти С.Бобохонов ва Б.Қурбонов барои "ришва"


Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, Салим Бобохонов -- собиқ раиси ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми гирифтани “пора” ва “ваъдаи додани замин ба сокинон” боздошт шудааст. ​Дилшод Акобиров, раиси Оҷонсии зидди коррупсия дар Кӯлоб, рӯзи 6 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "Бобохонов ҳоло дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва бар муқобили ӯ дар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст."

Бино ба хабари дигаре, ки дастраси мо шуд, маъмурони амниятӣ Баҳриддин Қурбонов - раиси ҷамоати “Меҳнатобод”-и ноҳияи Ҳамадониро ҳам ба ҷурми "порагирӣ" дастгир кардаанд. ​

Дилшод Акобиров дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз ифтитоҳи чанд парвандаи дигар алайҳи раҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хабар дод ва аз ҷумла аз Абдусаттор Халифаев - раиси ҷамоати "Истиқлол", Идимат Давлатов - муовини раиси ҷамоати "Деҳқонариқ" ва Акбар Қурбонов - раиси ҷамоати “Ватан” дар ноҳияи Фархор ном бурд.

Хабари боздошт ва ифтитоҳи парванда алайҳи теъдоди бузурги раисони ҷамоатҳо дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб гуфтанд, дар соли 2014 алайҳи 11 афсари ниҳодҳои қудратии мустақар дар ин минтақа парванда боз кардаанд. Аксари онҳо ба қочоқи маводи мухаддир ва ришвахорӣ муттаҳам мешуданд.

XS
SM
MD
LG