Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи футбол барои Ҷоми Р.Раҳимзода


Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин сабқат 8 дастаи наврасону ҷавонон ва 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, корхона ва идораҳои давлатии Суғд бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ин мусобиқа бо ибтикори Вазорати умури дохилӣ таҳти шиори “Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ” дар ҳама манотиқи Тоҷикистон аз рӯи системаи олимпӣ баргузор мегардад. Аз рӯи қоидаи олимпӣ, дастаи пирӯз ба идомаи мусобиқа роҳ ёфта, мағлуб майдонро тарк мекунад. Дастаи пирӯз соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоиза -автомобили сабукрав хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқа дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд рӯзи 5-уми феврал Шариф Назарзода - сардори Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Суғд гуфт, таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» баргузор шудани ин мусобиқа бесабаб нест. Чунки варзиш пойдевори оиларо дар ҷомеа солим дошта, боиси ба дунё омадани насли ҷисман ва рӯҳан сиҳат ва пойдории миллат мегардад. Ӯ афзуд, варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷавононро аз нашъамандӣ бозмедорад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 1060 нашъаманд расман сабтином шуда, таҳти табобату назорат қарор доранд. Инчунин, ба гуфтаи мақомот, дар тӯли 5 соли охир кормандони пулис дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 895 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва аз дасти қочоқгарон 1 тоннаю 963 кило навъҳои гуногуни маводиои мухаддир, аз ҷумла 212 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG