Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди Русия таҳримоти нав ҷорӣ мешавад


Кишварҳои аъзои Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки бар зидди баъзе шахсони алоҳида ва ширкатҳои Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кунанд. 5 феврал ин кишварҳо барои бӯҳрони Украина бар зидди 19 шахсият ва 9 корхонаву ширкатҷорӣ шуд.

То ҳол номи ин шахсиятҳо ва корхонаву ширкатҳо ба нашр нарасидааст. Вале хабаргузории Ройтерз аз қавли намояндагони кишварҳои аврупоӣ навиштааст, ки “касе аз ин шахсиятҳову ширкатҳо маъруфу машҳур нестанд”.

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо 9 феврал бо ҳам мулоқот ва ин таҳримҳоро ба таври расмӣ ба тасвиб мерасонанд. Ин таҳриҳо илова бар таҳримҳое хоҳад буд, ки бар зидди Русия соли гузашта ҷорӣ шуда буд.

29 январ вазирон розӣ шуда буданд, ки номҳоро дар феҳриститаҳримҳо илова кунанд. Дар ин феҳрист шахсиятҳои Русия ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG