Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, дар як тирандозӣ дар шарқи Афғонистон 18 тундрав ва як нафар аз нируҳои амниятии ин кишвар кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки тирандозӣ дар наздикии марз бо Покистон дар вулусволии Нозиёни вилояти Нангарҳор рух додааст.

Азрат Ҳусайн Машриқвол-сухангӯи пулиси вилоят гуфтааст, ки 26 тундрав ва 2 корманди дигари нируҳои амниятӣ дар ин даргирӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ин даргириҳо 4 феврал рух додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, 4 нафари дигар аз тундравҳо боздошт шудаанд. 3 нафари онҳо покистонӣ мебошанд. Нируҳо амбори аслиҳаву муҳимоти тундравҳоро низ ба тасарруфи худ даровардаанд. Яке аз сарони қабилаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки дар ин даргириҳо 6 сокини маҳаллӣ кушта шудаанд.

4 феврал Толибони Афғонистон гуфтанд, ки онҳо дар вулусволии Нозиён як чархболро зада афтондаанд ва даҳҳо нафар кушта шудаанд. Вале ин гузоришро нируҳои Амрико рад карданд.

XS
SM
MD
LG