Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши камтарин ва калонтарин дар Тоҷикистон


Тавре Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон дар гузориши нави «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» зикр кардааст, музди меҳнати камтарин дар моҳи ноябри соли 2014 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар кормандони кишоварзӣ, шикор, ҷангалпарварӣ – 296 сомониву 43 дирам ва моҳипарварӣ – 465 сомониву 64 дирамро ташкил медиҳад.

Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон дар айни замон музди кори аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи сохтмон – 2077 сомниву72 дирам, дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 2020 сомониву 44 дирам , дар башхи нерӯи барқ, газ ва таъминоти об – 1298 сомониву77 дирам мебошад

Умуман дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи ноябри соли 2014-ум ба 753 сомониву 79 дирам баробар будааст.

Аммо дар бахши фаъолиятҳои иқтисодӣ музди кори мёнаравиҳо аз ҳама баланд буда маоши кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявиро иҷро мекунанд – 2224 сомониву 29 дирам буда, музди моҳонаи афроде ки дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо хизмат мекунанд, ба 933 сомонӣ баробар мебошад.

Оҷонсии омор дар ин гузориши худ зикр кардааст,ки музди ҳадди ақал дар кишвар ба 250 сомонӣ баробар аст.

XS
SM
MD
LG