Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Қирғизистон ба Маскав рафт


Ҷоомарт Оторбоев

Ҷоомарт Оторбоев

Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирқизистон ба Маскав сафар кард, то дар нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии АвруОсиё ширкат ҷӯяд. Дар ин бора дафтари матбуотии нахуствазир ба матбуот хабар додааст.

Дар остонаи соли 2015 Қирғизистон изҳори омодагӣ карда буд, ки ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад. Ҳоло дар ин иттиҳод Русияву Беларус ва Қазоқистон узвият доранд.

Оторбоев дар Маскав бо Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия, Карим Масимов-нахуствазири Қазоқистон ва бо Андрей Белянинов-раиси Хадамоти фендеролии гумруки Русия мулоқот мекунад.

Тибқи хабари дигар, Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 7 феврал дар Сочӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG