Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, шаби 4 ба 5-уми феврал бар асари танаффуси заҳри ангишт сокини шаҳраки Панҷи вилояти Хатлон Ҳайдар Ҷабборов дар манзили зисташ ба ҳалокат расида, 7 фарзанди ӯ заҳролуд шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 5 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ин хонавода барои гарм кардани хонааи худ аз ҳезуми дарахти писта ва ангиштсанг истифода бурдаанд, вале гази ангишт хориҷ шуда, онҳоро беҳуш кардааст. Дар натиҷа падари ин хонавода ҷон бохта, 7 фарзанди ӯ - Шукрона Ҷаббороваи 16-сола Сафина Наботоваи 11-сола, Наврӯз Наботови 11-сола Омина Наботоваи 9-сола, Адиба Наботоваи 8-сола, Тақсира Наботоваи 5-сола ва Фирӯз Наботови 4-сола заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG