Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо 31 нафар ҷон бохтаанд


Ҳавопаймо ҳангоми афтодан
Ҳавопаймо ҳангоми афтодан

Амалиёти наҷот дар Тайван идома дорад. 4 феврал дар Тайпей-пойтахти ин кишвар ҳавопаймое ба мусибат дучор ва ба оби рудхонаи Тайпей сарозер шуд. Ин ҳавопаймо ба ширкати TransAsia Airways тааллуқ дошт ва дар ин ҳодиса 31 нафар ҷон бохтаанд. Мақомот мегӯянд, ки 15 нафар ҷон ба саломат бурдаанд ва як нафари онҳо кӯдак мебошад. 12 нафар то ҳол бедараканд.

Дар ҳавопаймо 58 нафар нишаста буданд ва он баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Тайпей ба зудӣ ба замин сарозер шуд ва ба оби рӯдхона афтод.

Дар наворҳо ва аксҳое, ки раҳгузурон бардоштаанд, дида мешавад, ки нӯги ҳавопаймо ба боло ба замин сарозер ва дар рӯдхонаи канори роҳ сарнагун мешавад. Ҳангоми ба об афтодан қаноти чапи ҳавопаймо ба канораи роҳ бамехӯрад ва як мошин ҳам аз зери он безарар мегузарад.

Дар давоми як соли гузашта ин дуввумин ҳавопаймои сохти Фаронсаву Олмон ATR 72 аст, ки ба сонеҳа дучор мешавад.

XS
SM
MD
LG