Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) ба Иморот меравад


Сабқати интихобии қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки ба он мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) низ шомил аст, дар Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё мегӯяд, сабқати интихобии қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки ба он мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) низ дохил аст, дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ба иттилои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “D” аз 27-ум то 31-уми март дар шаҳри Фуҷайраи ИМА барпо мегардад.

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони синнашон на аз соли 1993 боло) дастаҳои ИМА, Шри-Ланка ва Яман мебошанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев нахустин бозиашро 27-уми март муқобили тими Яман анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 29-уми март бо мунтахаби ИМА ва дар даври охирин 31-уми март бо тими Шри-Ланка бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста ва ба минтақаи шарқӣ 20 даста дохиланд.

Ҳангоми қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 3 гурӯҳи иборат аз 5-дастаӣ ва 2 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ва дар минтақаи шарқӣ 5 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ ташкил шуда буданд. Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 12-ум то 30-юми январи соли 2016 дар Қатар баргузор мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷойҳои дувум аз рӯи нишондиҳандаҳои беҳтарин роҳ меёбанд. Мизбони сабқати қитъавӣ - мунтахаби ҷавонони Қатар - аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон ҳамчун сабқати интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23). Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи «D»: ИМА, Яман, Тоҷикистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «Е»: Сурия, Узбакистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянмар, Ҳонконг, Тайван.

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

27-уми март (ҷумъа)

ЯманТоҷикистон

ИМА – Шри-Ланка

Даври 2-юм

29-уми март (якшанбе)

Тоҷикистон ИМА

Шри-Ланка – Яман

Даври 3-юм

31-уми март (сешанбе)

Тоҷикистон – Шри-Ланка

ИМАЯман

XS
SM
MD
LG