Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи вуруди 182 тоҷик ба Русия


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки 182 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла 140 донишҷӯ ҳаққи дубораи вуруд ба Русияро пайдо карданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз, 5 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи экспертии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки ба масъалаи омӯзиши санадҳои шаҳрвандоне, ки аз ҳаққи дубораи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд, сарукор дорад, ба 182 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба Русияро дод. Гурӯҳи экспертии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз моҳи сентябр ба ин тараф фаъолият мекунад ва ҳам дар Русия ва дар Тоҷикистон кори худро пеш мебарад. Ба гуфтаи масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 202 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати мамнуъшудагон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG