Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виктор Янукович дигар "раисиҷумҳур" нест


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Парлумони Украина Виктор Януковичро аз унвони "раисиҷумҳур" маҳрум кард. Ба тарҳи қонун дар ин бора рӯзи 4 феврал 281 вакили Верховная Рада раъй доданд. Бар пояи Қонуни асосии Украина, унвони “раисиҷумҳур” барои сарвари давлат якумрӣ боқӣ мемонад, аммо фақат дар ҳоле, ки ӯ бар асари импичмент аз мақомаш барканор нашуда бошад.

Виктор Янукович моҳи феврали соли гузашта, расо баъд аз чаҳор соли дубора дар ин мақом интихоб шуданаш, бар асари эътирозҳои густурда дар Киев аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ ва чанд тан аз мансабдорони воломақоми пешин дар куштори мардуми осоишта айбдор мешаванд. Макони будубоши Виктор Янукович маълум нест, бар пояи бархе хабарҳо, ӯ дар Русия панаҳ бурдааст.

Дар ҳамин ҳол даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумтаӣ ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина идома доранд. Рӯзи чаҳоршанбе бар асари таркиши як мушак дар яке аз бемористонҳои шаҳри Донестк дасти кам 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG