Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасдиқи рамзи Наврӯзи 2015 аз сӯи Э.Раҳмон


Рамзи Наврӯзи 2015

Рамзи Наврӯзи 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 феврал рамз ё ангораи ҷашни Наврӯзи соли 2015-ро тасдиқ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “ин ангора дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад.”

Дар ин рамз парчами Тоҷикистон, офтоби нурафшон, сабза ва шукуфаҳои дарахтон ва тоҷу замин таҷассум ёфтаанд. Инчунин, дар рамзи Наврӯзи 2015 майсаҳои навхезро ҳам дидан мумкин аст, ки пайке аз оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор медиҳанд.

Наврӯз - соли нави қавмҳои эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Тоҷикистону ҳамсояҳояш, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст. Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Наврӯзи байналмилалии 2015 дар Хуҷанд баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, дар ин рӯз Боғи навбунёди Камоли Хуҷандӣ дар канори рӯди Сир ифтитоҳ гардад.

XS
SM
MD
LG