Пайвандҳои дастрасӣ

Нозири барқ ба "обулой"-и 28 300 сомонӣ айбдор шуд


Абдулло Гадоев, сарнозири Шабакаи барқии ноҳияи Синои пойтахт, барои аз худ кардани 28 ҳазору 300 сомонӣ пули барқи яке аз нонвойхонаҳо айбдор мешавад. Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, оқои Гадоев бо пешниҳоди 6 чек ё расиди тақаллубӣ аз номи “Амонатбонк” 29 ҳазор сомонӣ маблағи нерӯи барқи ин нонвойхонаро, ки ба Раҷабалӣ Ҳайитов тааллуқ доштааст, гирифта, аммо ҳамагӣ 700 сомонияшро ба бонк супоридаасту бас.

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсӣ, ин ҳолат танҳо баъд аз он ошкор шуд, ки нозири дигари Шабакаи барқи ноҳияи Сино ба назди Раҷабалӣ Ҳайитов рафта, аз ӯ пардохти пули барқашро талаб кардааст. Ҳоло алайҳи Абдулло Гадоев - сарнозири Шабакаи барқи ноҳияи Сино бар асоси моддаи 340, қисми 2, яъне “тақаллубкории такрории санадҳо ва тақаллубкорӣ ҳамроҳи як гурӯҳ” парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG