Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбари ATR-72, дар Тайван ба 19 нафар расид. Дар ин ҳодиса 15 каси дигар маҷрӯҳ шудааст. Ба иттилои расмӣ, 24 нафар то ҳол бе ному нишонанд.

Дар ҳавопаймои ширкати TransAsia Airways, ки парвозҳои дохилиро анҷом медиҳад, 5 халабон ва 53 мусофир, аз ҷумла, ду кӯдак ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ки бештари мусофирони ҳавопаймо – сайёҳон аз Чин буданд.

Ҳавопаймои ATR-72-600 чанд дақиқа баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Тайбэӣ ба купруки рӯдхонаи Тзилунг бархӯрд ва суқут кард. Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Ҳавопаймо ба архипелаги Тзинмэн дар гулӯгоҳи Тайван парвоз мекард. Бар пояи хабарҳо, баъзе аз қисмҳои ҳавопаймо рӯи об монданд ва аз ин рӯ чанд нафар аз мусофирон тавонистанд, ки худро наҷот диҳанд.

Тобистони соли гузашта як ҳавопаймои дигари TransAsia Airways ҳангоми фуруд омадан ба ҷазираи Пенгу суқут кард – дар он ҳодиса 48 нафар ҷон бохта буданд.

28 декабри соли гузашта як ҳавопаймои ширкати малайзиягии AirAsia, ки бо 162 халабону мусофир аз Индонезӣ ба Сингапур парвоз мекард, ба баҳр сарозер шуд.

XS
SM
MD
LG