Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 12 нафар аз суқути ATR-72 дар Тайван


Ҳавопаймои ATR-72
Ҳавопаймои ATR-72

Дар Тайван бар асари суқуқти ҳавопаймои мусофирбари ATR-72, ба иттилои расмӣ, 12 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳавопаймои ширкати TransAsia Airways, ки парвозҳои дохилиро анҷом медиҳад, 58 мусофир ва халабонҳо ҳузур доштанд.

ATR-72 чанд дақиқа баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Тайбэе ба купруки рӯдхонаи Тзилунг бархӯрд ва суқут кард. Сарнавишти тақрибан 30 нафар маълум нест. Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Ҳавопаймо ба архипелаги Тзинмэн дар гулӯгоҳи Тайван парвоз мекард. Ҳангоми суқут як боли ҳавопаймо ба таксие бархӯрд, ки аз купрук мегузашт.

Бар пояи хабарҳо, баъзе аз қисмҳои ҳавопаймо рӯи об монданд ва аз ин рӯ чанд нафар аз мусофирон тавонистанд, ки худро наҷот диҳанд.

XS
SM
MD
LG