Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Урдун Соҷида ал-Ришавӣ эъдом шуд


Дар Урдун рӯзи чаҳоршанбе ду ироқие, ки аз тарафи ифротгароҳо меҷангиданд, эъдом шуданд. Ба иттилои манбаъҳо дар ҳукумат ва хадаомти амниятӣ, яке аз эъдом шудагон Соҷида ал-Ришавӣ буд, ки дар даст доштан дар инфиҷори се меҳмонсаро дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун, дар соли 2005 айбдор мешуд. Ба асари таркишҳо даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Нафари дуввуми эъдомшуда, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, яке аз раҳбарони аршади шабакаи “Ал-Қоида”, бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони шаҳрвандони Урдун ба қатл маҳкум шуда буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” талаб мекард, ки Соҷида ал-Ришавӣ бо халабони асируфтодаи урдунӣ Муас ал-Касисба иваз карда шавад. Халабон моҳи декабри соли гузашта баъд аз суқути ҳавопаймояш дар Сурия асир уфтода буд. Рӯзи 3 феврал ситезаҷӯён навори зинда сӯзонидани ал-Касисбаро нашр карданд.

XS
SM
MD
LG