Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолномаи сафири Украина дар Тоҷикистон


Виктор Олегович Никитюк 6 апрели соли 1965 дар шаҳри Киев таваллуд шудааст. Соли 1989 факултаи муносибатиҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башари Донишгоҳи Киевро хатм кардааст. Фаъолияти кории Виктор Никитюк соли 1989 аз сохторҳои доситонии Киев шуруъ шуда ва солҳои 1991-1992 дар мақомоти додситонӣ ва ширкатҳои ҳуқуқии ИМА коромӯзӣ кардааст. Сипас солҳои 1992 то 1994 дар Думаи давлати Украина, вазорати умури миллиятҳо ва муҳоҷират ифои вазифа намудааст. Солҳои 1994-97 котиби аввал, мушовир, муовини сардори раёсати вазорати корҳои хориҷии Украина буда ва солҳои 1997 то 2000 дар сафорати Украина дар Шоҳигарии Белгия ва Миссияи Украина дар НАТО кор кардааст. Сипас Виктор Никитюк соли 2000 боз ба вазорати корҳои хориҷии Украина баргашта ва то соли 2005 фаъолияташро идома додааст. Баъдан ба унвони мушовир дар сафорати Украина дар ИМА то соли 2009 хидмат кардааст. Аз соли 2012 то кунун сафири фавқуллода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон аст. Номзади илмҳои ҳуқуқ аст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

XS
SM
MD
LG