Пайвандҳои дастрасӣ

Ду тундрав дар Покистон ба дор кашида шуданд


Afghanistan -- Nooses hang at the site of execution in Pul-e-Charkhi prison, on the outskirts of Kabul, October 8, 2014

Afghanistan -- Nooses hang at the site of execution in Pul-e-Charkhi prison, on the outskirts of Kabul, October 8, 2014

Покистон ду тундравро барои куштори пизишки шиамазҳаб дар Карочӣ ба дор овехт. Ин дар ҳолест, ки моҳи декабр ҳукумат ҳукми қатлро дубора иҷоза дод. Атоуллоҳ Қосим ва Муҳаммад Аъзам барои куштори пизишк Алӣ Ризо дар бозори Карочӣ дар соли 2001 муттаҳам дониста шуда буданд.

Ин ду нафар узви гурӯҳи суннии Лашкари Ҷангвӣ мебошанд. Гурӯҳи мазкур пайваста шиаҳоро ҳадафи худ қарор медиҳад. Мақомоти расмӣ, ки намехоҳанд аз худ ном баранд, тасдиқ карданд, ки ин ду наҳар субҳи 3 феврал ба дор кашида шудаанд.

Дар Карочӣ 3 феврал ду бам дар наздикии мактабе таркид ва дар маҳали ҳодиса ёддоштеро пайдо кардан, ки дар он навишта шуда буд: “Агар ба дор кашиданҳо идома ёбад, таркишҳо бештар хоҳанд шуд”.

16 декабри соли 2014 баъд аз куштори 150 нафар дар мактаби Пешовар аз тарафи тундравҳо ҳукумати Покистон ҳукми эъдомро иҷоза дод.

XS
SM
MD
LG