Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси даъвоҳои "қатли ом" байни сербҳо ва хорватҳо


Петер Томка

Петер Томка

ICJ ё Додгоҳи адли байналмилалӣ мехоҳад тасмими худро роҷеъ ба парвандаи Хорватияву Сербистон, ки якдигарро барои қатли ом муттаҳам мекунанд, мавқуф гузорад. Петер Томка - раиси қозиёни Ай Си Ҷӣ ин тасмимро дар Қасри Сулҳи Гаага қироат мекунад. Ивика Дачич - вазири корҳои хориҷаи Сербистон ин корро дар муносибот бо Хорватиямуҳимтарин рӯйдод арзёбӣ кард.

Соли 1999 Загреб як ҷо бо Ай Сӣ Ҷӣбар зидди Сербистон парванда дуруст кард ва онро барои қатли оми хорватҳо дар ҷанги солҳои 1991-1995 муттаҳам намуд. Баъд аз фурӯпошии Югославияи пешин дар марҳилаи касби истиқлол ин ҷангҳо рух дода буд.

Хорватия гуфт, ки Сербистон барои поксозии қавмӣ, ки “яке аз шеваҳои қатли ом” аст, муттаҳам мебошад. Дар натиҷаи ин ҷанг шумораи зиёди хорватҳо ё аз маҳали зисти худ беҷо ва ё кушта шуданд, шиканҷа шуданд ва дороии худро аз даст доданд.

Белград низ дар ҷавоб бар зидди Хорватия дар соли 2010 парванда дуруст кард ва гуфт, ки тақрибан 200 ҳазор нафар сербҳо аз маҳали зисти худ ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG