Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири адлия аз мақомаш истеъфо медиҳад


Алмамбет Шикмаматов

Алмамбет Шикмаматов

Алмамбет Шикмаматов-вазири адлияи Қирғизистон эълон кардааст, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад ва аризаи истеъфояшро менависад. Шикмаматов 2 феврал аз телевизиони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар барномаи “Суолҳои душвор” нақшаҳояшро дар бораи истеъфо эълон кард.

Шикмаматов гуфт, сабаби истеъфояш ин аст, ки нахост аз Дониёр Норимбоев-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ узр хоҳад. Шикмаматов дар мусоҳибае бо як рӯзномаи қирғизӣ гуфтааст, ки найрангҳои сиёсии Норимбоев моҳи гузашта сабаби истеъфои Айда Салянова аз мақоми Додситонии Кулл шудааст.

Шикмаматов гуфтааст, ки суханони вайро ин рӯзнома нодуруст таъбир кардааст, вале то ҳол намехоҳад бо тақози Норимбоев аз вай узр бипурсад.

Намояндагони порламон аз рӯзноманигоре, ки ин мақоалро ба нашр расондааст, хостаанд, ки 2 феврал ба порламон ҳозир шавад ва ба суолҳо посух диҳад. Аммо рӯзноманигор гуфтааст, ки ба сафари хидматӣ меравад ва наметавонад дар иҷломси порламон ширкат кунад.

Феликс Қулов-раиси шӯрои эътилофи порламонӣ гуфт, тавзеҳоти Шикмаматов ба эътибори Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон зарба задааст.

XS
SM
MD
LG