Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба Серҷо Маттарелла ба курсии президенти Итолиё такя задани ӯро табрик гуфта, комёбӣ орзу кардааст. Ҷаноби Раҳмон дар номаи худ нигоштааст, Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Итолиё алоқаманд мебошад.

“Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умедворам, Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани муносибатҳои судманди дуҷониба дареғ нахоҳед дошт”,-хулоса кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG