Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Украина 5 сарбозашро талаф дод


Артиши Украина мегӯяд, дар тӯли 24 соати гузашта 5 сарбозашро дар ҷанг бар зидди ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донест ва Луҳанск талаф додааст ва 29 нафари дигар захм бардоштаанд. Владислав Селезнев, сухангӯи артиш, рӯзи 2-уми феврал гуфт, ҷангҳои сахт ҳамчунон дар атрофи шаҳри Дебалтсев идома дорад, ки дар дасти нерӯҳои ҳукуматӣ аст. Ҷудоихоҳони Украина дар вилоятҳои Луҳанску Донетск гуфтаанд, ки дар 24 соати гузашта "бо айби нерӯҳои давлатӣ" 11 шаҳрванди осоишта кушта шудаанд. Рӯзи 31-уми январ музокироти сулҳ байни тарафҳо натиҷае надод. Ҷудоиталабон аз баррасии нукоти асосии барномаи сулҳи моҳи сентябр даст кашида ва хостанд, ки назорати манотиқи бештари Украина ба дасти онҳо дода шавад. Аз оғози муноқиша дар шарқи Украина дар моҳи апрел то кунун бештар аз 5100 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG