Пайвандҳои дастрасӣ

Сардори раёсати тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, 22 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд. Рафиқ Мамбеталиев рӯзи 2-уми феврал дар шаҳри Бишкек гуфт, раёсат муайян кардааст, ки бештар аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҷанги Сурия рафтаанд ва 30 нафари онҳо зан ҳастанд.

Муфаттишони қирғиз, инчунин, 83 мавриди талош барои ҷалби ҷавонони қирғиз ба ҷанги Сурияро ошкор кардаанд. Рафиқ Мамбеталиев афзуд, маъмурони интизомии Қирғизистон саъй доранд, ба тундгароиву терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои ширкат дар муноқишаҳои байналмилалӣ хотима бахшанд.

Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам кӯшиш доранд, аз пайвастани ҷавонон ба саффи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ пешгирӣ кунанд. Бар асоси як гузориши нави Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ, тақрибан аз 2 то 4 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба гурӯҳҳои исломӣ ба Сурия рафтаанд, ки се сол аст, ҷанг дар онҷо идома дорад.

XS
SM
MD
LG