Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Ал-ҷазира Мисрро тарк кард


Питер Грест, хабарнигори телевизиони Ал-ҷазира, ки аз зиндони Қоҳира озод шуд, Мисрро тарк мекунад. Ӯро рӯзи якуми феврал аз боздошт раҳо карданд ва чанд соат баъд ӯ ба ҳавопаймо нишаст. Питер Грест шаҳрванди Австралияро ҳамроҳ бо ду ҳамкораш Муҳаммад Фаҳмӣ, Боҳир Муҳаммад соли 2013 бо иттиҳоми нашри ахбори дурӯғ дастгир карда ва ба зиндон андохтанд. Телевизиони Ал-ҷазира аз озод шудани хабарнигоронаш ибрози хурсандӣ кард, вале гуфт, “то замоне Боҳир ва Муҳаммад озод нашаванд, ором намегирад.” Номзадаш гуфтааст, ки масъалаи озод карда ва аз Миср ихроҷ кардани Фаҳмӣ ба Канада “дар марҳилаи ниҳоӣ” қарор дорад. Муҳаммад Фаҳмӣ, шаҳрвандии Канада ва Мисрро дорад, аммо Боҳир Муҳаммад, табааи Миср аст. Соли 2013 Питер Грест ва Муҳаммад Фаҳмӣ ба 7 солӣ ва Боҳир Муҳаммад ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъи Ихвонулусмусин муттаҳам мекарданд, ки дар омадани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳри собиқи исломгарои Миср мусоидат кардааст. Мурсиро соли 2013 артиш аз мақомаш барканор кард. Хабарнигорон ҳамаи иттиҳомотро рад кардаанд ва гуфтаанд, ки муҳокимаашон сохтаву бофта буд.

XS
SM
MD
LG