Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се раҳбар хостори қатъи ҷанг дар Украина шуданд


Як рӯз баъд аз музокироти бенатиҷаи сулҳ, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, хостори “оташбаси фаврӣ” дар шарқи ин кишвар шуданд. Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Фаронса хабар дод, ки се тараф рӯзи якуми феврал дар бораи авҷ гирифтани даргириҳо миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматии Украина телефонӣ сӯҳбат кардаанд ва аз он изҳори таассуф кардаанд, ки “гуфтӯгуҳо натиҷае надод.” Тайи чанд рӯзи ахир ҷанг дар дохилу атрофи шаҳри Дебалтсево авҷ гирифт, ки дар дасти нерӯҳои ҳукуматӣ аст ва ҷудоиталабон саъй доранд, онро муҳосира кунанд. Артиши Украина рӯзи якуми феврал гуфт, ки дар зарфи 24 соати гузашта, дар ҷангҳо дар Дебалтсево ва ҷойҳои дигар 13 сарбозашро талаф додааст ва 20 тани дигари онҳо ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомоти Украина ва ҷудоихоҳон, дар ин даргириҳо ҳамчунин 17 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Аз оғози муноқиша дар шарқи Украина дар моҳи апрел то кунун бештар аз 5100 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG