Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хост, мардонаш дар Украина ҳамсар ёбанд


Мақомоти Чин ба мардони ин кишвар пешниҳод кардаанд, дар қатори Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ аз Украина ҳам барои худ ҳамсар бигиранд.

Мақомоти Чин мегӯянд, охири соли 2014 дар ин кишвар занон дар муқоиса ба мардон 34 миллион камтар буданд ва дар тӯли ҳафт соли гузашта аз 12 то 15 дарсади мардони чинӣ натавонистаанд барои худ ҳамсар ёбанд.

Яке аз иллатҳои аслии ин вазъ танзими таваллуд гуфта мешавад, ки ба ҳар як хонавода як фарзанд иҷоза шудааст. Ин сиёсат соли 1978 дар Чин пиёда шуд ва ин боис гардид, то оилаҳо бештар ба таваллуди писар аҳамият диҳанд.

XS
SM
MD
LG