Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туман дар фурудгоҳ ба парвозҳо имкон надод


Субҳи рӯзи душанбеи 2 феврал бинобар тумани ғафс дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид карда шудааст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки бинобар номусоидии ҳаво бар асари туман дар майдони ҳавоӣ ҳавопаймоҳои хатсайрҳои Самара-Душанбе ва Истамбул-Душанбе то ба ҳол аз фурудгоҳҳои худ парвоз накардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар назар аст туман то чанд соати дигар боқӣ монад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар хати нишасту парвози фурудгоҳи Душанбе сатҳи биноӣ наздик ба 200 метр аст, ин дараҷаи биниш имкони фурудоӣ ва парвозро маҳдуд месозад. Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд, ҳавопаймои шумораи №201 хатсайри Душанбе-Москва барои парвоз омода аст ва дар назар аст бо андаке пароканда шудани туман, парвоз намояд. Вай мегӯяд, мусофирони ин хатсайр мушкиле надоранд ва ҳоло расмияти фурудгоҳиро гузашта, дар ҳавопаймо интизори парвозанд.

XS
SM
MD
LG