Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекҳем аз андозсупорӣ сарпечӣ кардааст


Ҷеррард ҳам дар сарпечӣ аз андоз гумонбар мешавад
Ҷеррард ҳам дар сарпечӣ аз андоз гумонбар мешавад

Футболбози замоне маъруфи бритониёвӣ Дэвид Бекҳэм ва хонуми ӯ Виктория, ҳамчунин собиқ капитани дастаи мунтахаби футболи Англия ва бозингари дастаи "Ливерпул" Стивен Ҷеррард дар сарпечӣ аз пардохти андоз гумонбар мешаванд. Дар ин бора нашрияи Sunday Times рӯзи 1 феврал хабар додаст.

Мақомоти андози Бритониё ба нашрия гуфтаанд, ки баъзе аз афроди маъруфи кишвар аз сӯи як ширкат барои сармоягузорӣ дар бахши синамо аз имтиёзҳо дар пардохти андоз бархӯрдор шудаанд. Бар пояи хабарҳо, ба ин васила Дэвид Бекҳем ва хонумаш Виктория тақрибан як миллион ва Ҷеррард 386 ҳазор фунт-стерлингро ба истилоҳ “сарфа” кардаанд.

Худи “ситораҳо” ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ба ягон схемаи ҷиноии сарпечӣ аз андоз шомил набуданд.

XS
SM
MD
LG