Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусаллаҳони гурӯҳи “Боко Ҳаром” дубора ба шаҳри Майдугурӣ, воқеъ дар шимолу шарқи Нигерия, ҳамла карданд. Бар пояи хабарҳо, рӯзи 1 феврал дар канорҳои ҷанубии шаҳр даргириҳои шадид сурат гирифтанд. Як ҳафта пеш гурӯҳ якбора ба се шаҳри аёлати Борно, аз ҷумла, Майдугурӣ ҳамла карда буд ва аммо ба муқовимати сахти нерӯҳои мусаллаҳи Нигерия мувоҷеҳ шуд.

Рӯзи шанбе низомиёни Чад, кишвари ҳамсояи Нигерия, дар бораи ҳалокати 120 ситезаҷӯ аз гурӯҳи “Боко Ҳаром” дар ду рӯзи даргириҳо дар шимоли Камерун хабар доданд. Дар набардҳо се сарбози чадӣ ҳам кушта шуданд.
“Боко Ҳаром” дар чаҳорчӯби талошҳояш барои ташкили давлати исломӣ дар шимолу шарқи Нигерия ба кишварҳои ҳамсояи Чад ва Камерун ҳам чанд ҳамла анҷом дод.

Ахиран Иттиҳодияи Африқо тасмими ташкили нерӯҳои зидди “Боко Ҳаром”-ро пазируфт, Қарор аст, ки ба ин нерӯҳои 7500 афсару сарбоз шомил шаванд. Бенин, Камерун, Чад ва Нигер барои ба ин нерӯҳо ҳамроҳ кардани низоимёнашон ризоят додаанд.

XS
SM
MD
LG