Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 13 сарбози украинӣ дар Донбасс


Артиши Украина дар бораи ҳалокати 13 низомияш дар набардҳо дар шарқи кишвар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Низомиён рӯзи 1 феврал ба расонаҳо гуфтанд, ки бар асари даргириҳо бо ҷудоихоҳон дар Донбасс 20 сарбози дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, бар асари тирборони шаҳрҳои Попасная, Счастие ва шаҳраки Станитса Луҳанская дар вилояти Луҳанск дасти кам се тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Чандин бинову манзил хароб шуд. Волии Луҳанск Геннадий Москал хабар дод, ки даргириҳо дар минт ақа идома доранд ва ҷудоихоҳон алайҳи нерӯҳои украинӣ аз тонку зиреҳпӯш ва таҷҳизоти “Град” истифода мебаранд.

Дар вилояти Донетск ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори шаҳри Дебалсево, дар шаҳраки Пески ва дар рустоиПетровское ҳамла карданд.

Намояндагони ҷумҳурии худхондаи Донетск дар навбати худ хабар доданд, ки низомиёни украинӣ шаби гузашта Донетскро тирборон карданд. Се сокини осоишта кушта ва тақрибан 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Музокироти аъзои “Гурӯҳи тамос” оид ба хатми низоъ дар шарқи Украина (Украина, Русия, САҲА) шаби гузашта дар Минск, пойтахти Белорус, ноком анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG