Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11 парванда алайҳи "ҷиҳодӣ"-ҳо дар Кӯлоб


Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, нисбати 11 сокини миннтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи Шарифзода, ки то як моҳи пеш раҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро бар дӯш дошт, бештари ин афрод сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд, дар давоми соли 2014 дар ин минтақа Кӯлоб 1379 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли 2013-54 ҷиноят зиёд будааст. Гуфта мешавад, дар давраи сипаригашта 172 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 21 ҷиноят зиёд будааст.

Маҷмӯан ҷиноятҳои содиршуда 71 ҳолати он аз сӯи ноболоғон сурат гирифтааст.

Тибқи иттилоъ манбаъ 10 ҳолати одамкушӣ дар соли 2014 ба қайд гирифта шуда, 1 ҳолат нисбати соли гузашта зиёд шудааст.

Дар ин замина аз 296 нафар шахсони дар соли гузашта дар кофтуков буда 114 нафарашон дастгир шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG