Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Минск, пойтахти Белорус, шоми шанбе, мулоқоти сеҷонибаи Гурӯҳи тамос оид ба хатми низоъ дар шарқи Украина, пушти дарҳои баста шурӯъ шуд. Дар нишаст раисиҷумҳури пешини Украина Леонид Кучма, сафири Русия дар Киев Михаил Зурабов, фиристодаи вижаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳайдӣ Талявини, намояндагони ҷумҳуриҳои худхонаи Донетск ва Луҳанск Денис Пушилин ва Владислав Дейнего ширкат доранд.

Қарор аст, ки дар поёни музокирот аъзои Гурӯҳи тамос санади наверо имзо кунанд, ки ҳадаф аз он созиши оташбас аз ҳарду ҷониб ва аз манотиқи аҳолинишини Донбасс дур кардани тонку зиреҳпӯш ва тӯпхона аст.

Интизор мерафт, ки ки ин музокирот 30 январ доир шавад ва аммо бар асари ихтилофи назар дар мавриди намояндаи ҷудоихоҳон дар ин нишаст ноком шуд. Ба думболи ин Денис Пушилин, намояндаи ҷумҳурии худхондаи Донетск дар “Гурӯҳи тамос”, изҳор намуд, ки дар сурати ноком шудани музокирот онҳо талоши таҳти назорат гирифтани ҳама қаламрави вилоятҳои Донетску Луҳанскро идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, барои намоиши пуштибонии Вошингтон аз Украина рӯзи 5 феврал вориди Киев шавад.

XS
SM
MD
LG