Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи вуруди мошинҳои сиёҳранг ба Туркманистон


Кормандони гумруки Туркманистон барои ворид кардни мошинҳои сиёҳранг ба ин кишвар иҷоза надода, ба тоҷирон мегӯянд, “мошини сафед оред, ки ба Шумо комёбӣ меоварад!”

Маъмурони гумруки Туркманистон иҷоза намедиҳанд, ки тоҷирон мошинҳои сиёҳрангро аз хориҷ вориди ин кишвар кунанд. Ба иттилои торнамои “Хроника Туркменистана”, сар аз нимаи дувуми моҳи январи соли ҷорӣ кормандони гумрук аз додани санад барои вуруди ҳадди ақалл се мошини рангашон сиёҳ – ду мошини тамғаи Toyota Corolla ва як Lexus RX330 сарпечӣ кардаанд. Кормандони гумрук сарпечии худро шарҳ надода, танҳо гуфтаанд, ки “мошинҳои рангашон сафедро бихаред, зеро ранги сафед ба Шумо комёбӣ меоварад”.

Бино ба хабари “Хроника Туркменистана” ҳоло дар Ашқобод, маркзаи Туркманистон ташхиси фаннии (муоинаи техникӣ)-и мошинҳои сиёҳранг низ мутаваққиф шудааст. Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд, ки аввал раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва баъдан аъзои диграи ҳукумат аз мошинҳои рангашон сиёҳ ба мошинҳои сафедранг нишастаанд. Ба қавли ин мансабдори туркман, он вақт 160 мансабдор – вазирон, раҳбарони идораву муассиса ва созмонҳои давлатӣ, сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳо ва раҳбарони кумитаи радиову телевизион соҳиби мошинҳои сафеди Mercedes-Benz Е 300 шудаанд.

Ин танҳо қарори булаҷаби ҳукумати худкомаи Туркманистон дар масъалаи мошинҳо нест. Онҳо соли 2009 амр дода буданд, сар аз соли 2010 мошинҳои сабукрав ва боркаши истеҳсоли то соли 2000-умро ба ин кишвар ворид накунанд. Туркманистон мошинҳои сабукравро асосан аз Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Араб харидорӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG