Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Мунтахаби навасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Осакаи Ҷопон ширкат хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон,ки аз бозигарони соли таваллудашон на аз 2000-ум боло ташкил ёфтааст, рӯзҳои 23-30 март дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки таҳти унвони Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme дар Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон др ин мусобиқа 10 даста иштирок мекунад. Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) пештар барои ширкат дар ин мусобиқа ба федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон даъватнома ирсол карда буд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби наврасони кишвар (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов намояндагӣ хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи моҳи сентябри соли равон мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ширкат мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG