Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашқобод вуруди мошинҳои сиёҳро манъ кардааст


Мақомоти Туркманистон ба вуруди мошинҳои рангашон сиёҳ ба кишвар монеъ мешаванд. Ба иттилои сомонаи интернетии “Хроника Туркменистана”, дар Ашқобод ташхиси фаннии мошинҳои сиёҳ мутаваққиф шудааст.

Шурӯъ аз нимаи дуввуми моҳи январ кормандони гумрук аз додани санад барои вуруди ҳадди аққал се мошини рангашон сиёҳ – ду мошини тамғаи Toyota Corolla ва як моиши Lexus RX330 сарпечӣ мекунанд. Кормандони гумрук сарпечии худро ташреҳ накардаанд ва фақат гуфтаанд, ки “мошиноҳи рангашон сафедро бихаред, зеро ранги сафед ба шумо комёбӣ меоварад”.

Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон моҳи сентябр ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки аввал раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва сипас дигар аъзои ҳукумат аз мошинҳои рангашон сиёҳ ба мошинҳои сафедранг нишастанд. Ба гуфтаи ӯ, 160 тан аз мансабдорон – вазирон, раҳбарони идораву муассиса ва созмонҳои давлатӣ, сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳо ва раҳбарни кумитаи радиову телевизион соҳиби мошинҳои сафеди Mercedes-Benz Е 300 шуданд.

XS
SM
MD
LG