Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон мусалмонони шиамазҳаби Покистон рӯзи 31 январ алайҳи ҳамлаи террористӣ дар як масҷиди мавзеи Шикарпури вилояти Синд эътироз карданд

Дар таркиши як маргталаб дар ин масҷид ҳангоми намози ҷумъа 61 нафар ба ҳалокат расиданд. Полиси Покистон рӯзи шанбе хабар дод, ки магталаб маводи мунфаҷираи дар танаш ҷойгузоришударо дар байни масҷид тарконд. Нерӯи таркиш он қадар зиёд буд, ки бар асари он боми масҷид фурӯ рехт.

Ҳукумати вилояти Синд 31 январро рӯзи мотам эълон кардаст.

Дар Шикарпур ҳазорон нафар дар маросими дафни қурбониёни ҳамла ширкат намуданд. Садҳо пайравони мазҳаби шиа дар Карочӣ намоишҳои эътирозӣ доир карданд. Дар ҷараёни ин гуна намоишҳо ва коршиканиҳо дар дигар шаҳрҳои Покистон бархе аз эътирозгарон балонҳои мошинҳоро оташ зада, роҳҳоро бастанд ва муҷозоти муҷримонро талаб карданд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар як изҳорот гуфт, ки аз ин гуна ҳамла ба мардум барои эътиқоди мазҳабияшон ваҳшатзада шудааст. 20 дар сади мусалмонҳои Покистон – шиамазҳабанд.

Тафтишот дар ҷойи ҳодиса

Тафтишот дар ҷойи ҳодиса

Гурӯҳи суннии "Ҷундуллоҳ" масъулити ҳамла ба масҷиди Шикарпурро бар ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳ аз ин пеш ба ибодатгоҳҳои шиаҳо ва дигар аққалиятҳиои мазҳабии Покистон, аз ҷумла, ба як калисаои масеҳии Пешовар ҳамла карда буд. Дар ҳамла ба ин калисо соли гузашта 85 нафар ҷон бохта буданд.

Таркиш дар масҷиди шаҳри Шикарпур хунбортарин ҳамла ба шиамазҳабҳо дар тақрибан як соли ахир аст – моли марти соли гузашта таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар минтақаи шианишини Карочӣ мунҷар ба ҳалокати 45 нафар шуда буд.

Тайи ду соли ахир бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла, “Лашкари Ҷангвӣ” дар Покистон тақрибан ҳазор кас аз пайравони мазҳаби шиа кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG