Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози шиаҳо ба ҳамла дар масҷиди Шикарпур


Ҳазорон мусалмонҳои шиамазҳаби Покистон рӯзи 31 январ алайҳи ҳамлаи террористӣ дар як масҷиди мавзеи Шикарпури вилояти Синд эътироз карданд. Дар таркиши як маргталаб дар ин масҷид ҳангоми намози ҷумъа 61 нафар ба ҳалокат расиданд.

Полиси Покистон рӯзи шанбе хабар дод, ки магталаб маводи мунфаҷираи дар танаш ҷойгузоришударо дар байни масҷид тарконд. Нерӯи таркиш он қадар зиёд буд, ки бар асари он боми масҷид фурӯ рехт.

Ҳукумати вилояти Синд 31 январро рӯзи мотам эълон кардаст. Дар Шикарпур ҳазорон нафар дар маросими дафни қурбониёни ҳамла ширкат намуданд. 20 дар сади мусалмонҳои Покистон – шиамазҳабанд.

Гурӯҳи суннии Ҷундуллоҳ масъулити ҳамла ба масҷиди Шикарпурро бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG