Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбинии Киев ба идомаи музокирот дар Минск


Намояндагони ҷудоихоҳон дар фурудгоҳи Минск

Намояндагони ҷудоихоҳон дар фурудгоҳи Минск

Мақомоти Украина умедворанд, ки музокирот бо ҷудоихоҳони рустабор дар бораи оташбас дар Минск рӯзи шанбе аз сар гирифта мешавад.

Гуфтушуниди оҷил барои 30 январ пешбинӣ шуда буд, аммо бар асари ихтилофи назар дар мавриди намояндаи ҷудоихоҳон дар ин нишаст баргузор нашуд. Ба думболи ин Денис Пушилин, намояндаи ҷумҳурии худхондаи Донетск дар “Гурӯҳи тамос”, изҳор намуд, ки дар сурати ноком шудани музокирот онҳо талоши таҳти назорат гирифтани ҳама қаламрави вилоятҳои Донетску Луҳанскро идома медиҳанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки барои ширкат дар музокироти рӯзи 31 январ намояндаи худ – раисиҷумҳури собиқ Леонид Кучмаро ба Минск мефиристанд.

Петро Порошенко, раиисҷумҳури Украина, рӯзи 30 январ дар сӯҳбати телефонӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел бори дигар ба зарурати оташбас дар шарқи Украина таъкид кард.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, барои намоиши пуштибонии Вошингтон аз Украина рӯзи 5 январ вориди Киев шавад.

Дар ҳамин ҳол даргириҳо дар шарқи Украина идома меёбанд. Шабонарӯзи гузашта бар асари тирборони шаҳри Дебалсево се нафар кушта шудв ва ҳафт нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора сардори раёсати умури дохилии вилояти Донетск Вячеслав Аброскин хабар дод ва гуфт, ки тайи се рӯзи ахир беш аз ҳазор нафар аз сокинони Дебалсево ва гирду атрофи он ба дигар манотиқ кӯчонида шуданд.

XS
SM
MD
LG