Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфи миёнаи Тоҷикистон чӣ дорад - мошин, "дача" ё..?


Ғаюр Қаҳҳоров -- собиқ корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, мардуми Тоҷикистон ба фарқи зиёд миёни мардуми дорову камбағал одат кардаанд ва ин тафовут онҳоро такон намедиҳад.

Ғаюр Қаҳҳоров дар таҳқиқоти фарогире бою камбағал ва синфи миёна дар кишварро табақабандӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, фақат 13 дарсади аҳолии кишварро метавон синфи миёнаи воқеӣ номид. Ҷаноби Қаҳҳоров номзади улуми фалсафа ва муовини собиқи сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аст.

Радиои Озодӣ: Шумо чӣ гуна синфи миёнаро муайян кардед?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Ман мувофиқи тадқиқоте, ки гузарондам, синфи миёнаро чанд тақсим кардам, аввал синфи миёнаи боло, дувум синфи миёнаи миёна ва синфи миёнаи паст. Ин табақабандии иҷтимоӣ аз рӯи чӣ ба амал омад? Аз рӯи омили маълумот, даромад, моҳона ва таъминоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар индикаторҳо. Масалан, аз рӯи онки метавонад, дар хориҷа истироҳат кунад, дар вақти истироҳат ҳамроҳи оилааш берун аз мамлакат равад, ё имконияти молиявӣ дорад, ки ҳамроҳи оилааш дар як ҳафта як бор бо хонаводааш дар ресторанҳо ғизо хӯрад. Ман аз рӯи ҳашт нишондиҳанда ҳамин таҳқиқотро гузарондам.”

Радиои Озодӣ: Хуб бар асоси таҳқиқоти шумо, мардум худро дар Тоҷикистон шомили кадом гурӯҳ медонанд?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Вақте мо тадқиқотро гузарондем, дар вақти ҳамин тадқиқот маълум шуд, ки як гурӯҳ аз респондентҳо худро аз рӯи фаъолияти кориашон ба синфи миёна дохил мекунанд. 63,9 фоиз худро аз маълумот мансуби синфи миёна мешуморанд, чунки маълумоти олӣ доранд ва аз нуқтаи назари маълумоти олӣ худро ба синфи миёна ворид мекунанд. Аммо аз нуқтаи назари даромад, ҳамаашон ба гурӯҳи синфи миёна дохил намешаванд. Ғайр аз ин, одамоне ҳастанд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Бар асоси пурсиши респондентҳо танҳо, 8.5 фоизи онҳо худашонро ба синфи миёнаи боло мутааллиқ мешуморанд ва 56.3 фоиз бошад танҳо ба синфи миёна дохил мекунанд ва 25.8 фоиз бошад, худро ба синфи миёнаи сатҳи паст дохил мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон чанд дарсади мардум ба “синфи миёна” дохил мешаванд?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Аз рӯи ҳамин индикаторҳое, ки мо тадқиқот гузарондем ва вобастагии индикаторҳоро дидем, яъне алоқамандии дутарафаро гирифтем, маълум шуд, дар ҷумҳурии мо ҳамагӣ 13.1 фоиз синфи миёна аст. Ғайр аз ин, синфи миёнаи баланд (сарватмандон) дар Тоҷикистон 8.5 фоизро ташкил мекунад. Ва гурӯҳҳои шахсони камбизоат 32.3 фоизро ташкил мекунад. Даромади моҳонаи синфи миёна аз 1500 то 3000 сомониро ташкил мекунад ва онҳоеро, ки солона 50 ҳазор сомонӣ даромад доранд, мо ба синфи миёнаи боло (доро) дохил кардем.”

Радиои Озодӣ: Ҳамин синфи миёна дар Тоҷикистон чӣ дорад -- мошин, дача ё чизҳои дигар?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Бале, мошин доранд, асбобҳои электронии рӯзгор доранд, телевизорҳои ҳозиразамон доранд, вале ин дар деҳот ва шаҳр аз ҳам фарқ мекунад.”

Радиои Озодӣ: Аммо ба он ҳашт дарсади синфи миёнаи баланд ва ё сарватмандон кадом гурӯҳи аҳолӣ шомил мешаванд, соҳибкорон, мансабдорон?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Соҳибкорони калон дохил мешаванд, баъд элитаҳои иқтисодӣ дохил мешаванд. Одамоне, ки дар элитаи сиёсӣ ҳастанд. Гурӯҳҳои номенклатурие, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, нисбат ба синфи миёна маблағи калон мегиранд.”

Радиои Озодӣ: ​Тавре аз таҳқиқи Шумо бармеояд, фарқ байни даромади мардуми сарватманд ва камбизоат бузург аст. Яъне, як кас мисли шоҳ зиндагӣ мекунад, дигарӣ барои қути лоямут ҷон меканад ва биноан ин гуна вазъ барои ҳар кишвар хатар дорад. Ба Тоҷикистон ҳам ин чиз таҳдид намекунад?

Ғаюр Қаҳҳоров: “Инҷо ягон чизи хафвноке вуҷуд надорад, ягон хатар вуҷуд надорад, чунки мардум ба ин чиз кайҳо одат кардаанд. Ба мардуми мо пеш аз ҳама субот даркор аст, субот бошад, мардуми мо метавонад худаш ягон бурда нонашро ёфта, хӯрда гардад. Рӯҳияи мардуми мо як рӯҳияи шикаста аст, рӯҳияи ақибмонда аст ва барои ҳамин психология онҳо қаноат карда гаштаанд ва ин фарқи бузург барои онҳо таконе намебиёрад.”

XS
SM
MD
LG