Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар масҷиде 49 нафар кушта шуд


Масҷиди Шикарпур
Масҷиди Шикарпур

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки 30 январ дар бамгузории масҷиди павйравони шиа дар шаҳраки Шикарпур дар маҳалле бо номи Лакҳӣ Дари вилояти Сингҳ тақрибан 49 нафар кушта, бештар аз 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин бамгузорӣ ҳангоми адои намози ҷумъа анҷом гирифтааст. Гурӯҳи тундравҳои суннии Ҷундуллоҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Ин яке аз маргбортарин ҳамлаҳо баъд аз ҳамлаи Толибон ба як мактаби низомӣ дар шаҳри Пешовар ба шумор меравад. Ҳамлаи Пешовар 16 декабр сурат гирифта буд ва дар он 151 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG