Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷират бо хости дил. 40 сол дар канори тоҷикон


Надежда Саидова 50 сол пеш бо як сокини Мӯъминобод издивоҷ ва як оилаи мустаҳками тоҷикӣ бунёд кардааст. Ӯ мегӯяд, вақте ба назди пайвандонаш ба Русия рафт, тақрибан ӯро нашиносанд.

Надежда Саидова -- сокини 70-солаи ноҳияи Мӯъминобод, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ аз Русия ба ин минтақа омада, зиндагӣ ихтиёр кардааст, яке аз чакандӯзҳои маъруф ба шумор меравад.

Ӯ мегӯяд, баъд аз хатми коллеҷи пахтатозакунии Русия чанд муддат бекор буд, вале даъвати холааш барои кор ба Узбакистон зиндагияшро ба куллӣ тағйир дод. Надежда Саидова нақл мекунад, ӯ дар Узбакистон бо Сайидолим Саидов, зодаи Мӯъминобод, вохӯрда, ҳамроҳи ӯ ба Хатлон меояд ва аз рӯзи аввал ба либоси миллии тоҷикону шеваи дӯхтанаш дил мебандад.

Надежда Саидова мегӯяд, вақте издивоҷ кард, ҳамагӣ 20 сол дошт ва намедонист, Хатлон куҷосту Мӯъминобод куҷо. “Холаам маро ба Узбакистон даъват кард, то дар корхонаи пахтатозакунӣ кор кунам. Дар он ҷо як сол кор кардам, ки Сайидолимро дидам. Ҳамагӣ панҷ ё шаш моҳ сӯҳбат мекардем. Ӯ падарашро розӣ кард ва маро гирифта, ба ҳамин ҷо овард,”-қисса мекунад мусоҳиби мо.

​Рустаборҳое, ки дар асри гузашта дар минтақаи Кӯлоб баъд аз тоҷикҳову узбакҳо ва кореягиҳо чорумин гурӯҳи қавмӣ унвон мешуданд, бештар дар маснадҳои давлатӣ фаъолият мекарданд. Аммо Надежда Саидова дипломи донишгоҳӣ надошт ва натавонист ба корҳои давлатӣ роҳ ёбад. Дар иваз ӯ ҳунареро аз худ кард, ки ҳам нонаш медиҳад, ҳам обрӯву иззат.

Надежда Саидова куртаи чакан, тоқии чакан, дастбанди гавҳора, кӯрпаи арӯсиву домодӣ медӯзад ва ҳамчун беҳтарин таҳиякунандаи ғизоҳои миллӣ, чаппотиву қурутоб фатирмаскаву шакароб ном баровардааст. “Соли 1975, вақте арӯс шуда, ба Тоҷикистон омадам, ба ман гуфтанд, тоҷикон расму оини худро дорем ва либосҳое ту мепӯшӣ, мо намепӯшем. Чанд рӯз зиндагӣ кардем, дидам, ки одамон либоси тоҷикӣ доранд, хиҷил шудам ва ба шавҳарам гуфтам, ба хоҳараш гӯяд, то бароям либоси тоҷикӣ дӯзад. Либоси тоҷикиро ба тан кардам, ҳатто шавҳарам нашинохт ва аз ҳамон вақт хоҳишам омад, то ин ҳунарҳоро омӯзам,”-ба ёд меорад Надежда Саидова.

Сайидолим Саидов ва Надежда Саидова чор фарзанд ва шаш набера доранд. Хонаи онҳо доим пур аз шогирдон аст. Надежда Саидова ба духтарони ин мавзеъ дарси гулдӯзӣ медиҳад, вале ҳоло камтар шогирд мегирад, зеро тавону босираи қаблиро аз даст додааст.

Бинобар маълумоти Раёсати омори вилояти Хатлон, теъдоди рустаборон дар ин вилоят наздик ба 4 000 нафар буда, баъд аз таҳкими ҳукумати Шӯрави дар Осиёи Марказӣ ба ин мавзеъҳо кӯч бастаанд. 50 дарсади онҳо дар рустоҳо ба сар мебаранд ва он қадар бо мардуми маҳаллӣ ҳамоиш ёфтаанд, ки агар ранги чашм, мӯйи ҷавдор ва пӯсти аз ҳад сафеди онҳо набошад, фарқ карданашон аз сокинони рустоҳо душвор мебуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG