Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи ду корманди "Барқи тоҷик"


Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ду корманди ширкати “Барқи тоҷик” - Парвиз Одинаев ва Сиёвуш Маҷидовро, ки ба сифати нозири ин ширкат фаъолият доштаанд, боздошт карда, алайҳи онҳо парванда боз намудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Одинаеву Маҷидов бар ивази гирифтани пул аз мардум онҳоро аз пардохти ҳаққи расмии барқ “озод” мекардаанд. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод гуфт, пас аз шикояти сокинони пойтахт рӯзи 27 январи соли ҷорӣ Парвиз Одинаев баъд аз гирифтани 100 доллар аз шаҳрванд Шарифов А.Т дастгир карда шудааст.

Ҳоло алайҳи Парвиз Одинаев ва Сиёвуш Маҷидов бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в”, “г”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG