Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масрафи ғайримақсадноки 234,1 млн сомонӣ пули будҷа


Палатаи ҳисоб дар натиҷаи як санҷиши аудиторӣ дар Бонки миллӣ 234,1 миллион сомонӣ ғайримақсаднок масраф кардани пулҳоди будҷаро ошкор кардааст. Инчунин дар лоиҳаи бозсозии нақди "Истиқлол" низ исрофи маблағҳо дар ҳаҷми 7,7 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб рӯзи 30-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, чунин санҷиш дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ гузаронида шуда ва дан натиҷа 1,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар соли 2014 Палатаи ҳисоб 314 санҷиш дар идораҳои гуногуни давлатӣ гузаронида, 69,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба будҷаи кишвар ошкор кардааст. Дар натиҷа Палатаи ҳисоб дар соли ҷорӣ 64 маводи санҷиши аудиториро, ки дар маҷмӯъ 34,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро дар бар мегирифтанд, ба ниҳодҳои қудратӣ баҳри чораҷӯӣ ирсол кардааст. Аз ҷумла ба прокуратура 36 мавод ба КДАМ 16 мавод, ба Оҷонсии зидди фасод 7 мавод ва ба Вазорати корҳои дохилӣ 2 мавод фиристодааст.

XS
SM
MD
LG