Пайвандҳои дастрасӣ

3 қирғиз низ дар миёни қурбониёни ҳамла будаанд


 Corinthia Hotel

Corinthia Hotel

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки дар байни қурбониёни ҳамла ба як меҳмонсарои муҷаллали шаҳри Троблус 3 шаҳрванди Қирғизистон низ будаанд. Ин ҳамла аввали ҳафтаи ҷорӣ анҷом гирифт.

Эркин Исҳоқов-раиси Ожонси ҳавоии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як халабон ва ду хадамаи ҳавопаймои ширкати ҳавоии S.Group International-и Қирғизистон низ дар миёни қурбониён будаанд. Ин ҳамла 27 январ ба меҳмонсарои Corinithia Hotel дар пойтахти Либия анҷом гирифта буд.

Исҳоқов гуфт, ин қурбониён халабон Замирбек Бекетаев, Гулзина Бешбакова ва Галина Колосветова будаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки панҷ марди мусаллаҳи ниқобпӯш ба қабулгоҳи меҳмонсаро ворид шудаанд ва ба сӯи кормандону меҳмонон тирандозӣ кардаанд.

Ҳангоми ҳамла як мошини бамгузоришударо низ тарконданд. Баъд аз ҳамла мақомоти Либия гуфтанд, ки дар миёни қурбониён 3 шаҳрванди Тоҷикистон, як амрикоӣ, як фаронсавӣ ва ду либиёӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG